Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, ба ин ҷамъомад 27 бозигар – 2 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро аз бошгоҳҳои футболи лигаҳои олӣ ва якум даъват кардааст. Танҳо як легионер - ҳимоятгар Ҷаҳонгир Саидзода - аз тими «Космос»-и Русия ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҷалб шудааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Норак:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Муҳаммадраҳим Раҳмонов (ҳарду аз «Душанбе», Душанбе);
Ҳимоятгарон: Мустафо Ҳасанбеков, Аҳмадҷон Шоев, Мубориз Мискиншоев (ҳарсе аз «Истиқлол», Душанбе), Садриддин Сатторов, Меҳроҷиддин Розиқов (ҳарду аз «Душанбе»), Абдусамад Меликмуродов («Сардор», Турсунзода), Шуҳрат Нурматов, Мунаввари Анварзод (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ), Ҷаҳонгир Саидзода («Космос», Русия);
Нимҳимоятгарон: Парвиз Бобоназаров, Рамазон Бахталиев, Меҳрубон Одилзода (ҳарсе аз «Истиқлол»), Зариф Зарифзода, Баҳодур Назарзода, Абдулло Иброҳимзода, Тоҳирҷон Аҳлиддин (ҳарчор аз «Душанбе»), Давид Мақсудов («Моҳир», Ёвон), Ҳайдаршо Худойдодов («Эсхата», Хуҷанд), Саидҷон Хоҷаев («Равшан», Кӯлоб), Умед Ҷафоев, Муҳаммад Раҷабов (бе бошгоҳ);
Ҳамлагарон: Муҳаммад Назриев («Истиқлол»), Назрулло Ашурализода, Фурқон Раҳимзода (ҳарду аз «Душанбе»), Асадбек Махтумов («Эсхата»).
Сармураббӣ – Марко Раҷини (Сан-Марино).
Бояд зикр намуд, дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Ҷумҳурии Чех (5-уми ноябр), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (8-уми ноябр) ва Буркина-Фасо (11-уми ноябр) рақобат мекунад.
Бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду даста мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбанд, инчунин дастаи мавқеъи сеюм бо беҳтарин натиҷа аз гурӯҳ боло хоҳад омад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) моҳи апрели соли равон дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025 роҳхат гирифт.
Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда, дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфтааст. Қаблан наврасони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2007) ва Бразилия (соли 2019) ширкат карда буданд.
Гуфтугӯ