Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Озарбойҷон бо шумули 202 нафар ширкат меварзанд.

Тавре хабаргузории azerisport.com хабар медиҳад, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштироки худро дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ тасдиқ кардаанд.

Бозиҳо аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ баргузор мешаванд.

Шумораи аз ҳама зиёди варзишгаронро дастаи мизбон - мунтахаби Озарбойҷон - ташкил медиҳад, ки аз 349 варзишгар иборат аст.

Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия 263, Қазоқистон 259, Узбекистон 257, Беларус 255, Тоҷикистон 202, Туркманистон 170 ва Қирғизистон 85 варзишгар дохиланд.

Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии ҳайатҳои вакилон дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ беш аз 2 600 нафар, аз он ҷумла зиёда аз 1 800 варзишгарро ташкил хоҳад дод.

Ба ғайр аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар Бозиҳои сеюм иштироки варзишгарон аз 15 кишвари хориҷӣ низ дар назар аст.

Ба барномаи Бозиҳои III кишварҳои ИДМ бокс, баскетбол, волейбол, қаиқронӣ, гуштии озод, гуштии юнонию румӣ, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, шамшерзанӣ, шиноварӣ, карате, тҳэквондо, ҷудо, самбо, чавгонбозӣ, камонварӣ ва ғайра дохиланд.

Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ карда, 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд. Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.

Дар Бозиҳои I кишварҳои ИДМ мунтахаби Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб гашт. Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 нишони тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки моҳи августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ, инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 130 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат варзида, бо касби 13 медал (1 нишони тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷойи ҳаштумро соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб гашт.

Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чор адад кам гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он буд, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд бори аввал медали тилло бигиранд. Медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 килограмм овард.