Овозхони шинохта Зулола Ҳошимӣ куҷост?

Дар Афғонистони таҳти назорати Толибон ҳанӯз суҳбат дар бораи сарнавишти Зулола Ҳошимӣ як овозхони наврасе фурӯ нанишаастааст, ки бештар аз як моҳ боз бедарак аст.

Зулола Ҳошимӣ соли 2016 баъди ширкат дар озмуни "Ситораи афғон", ки телевизиони "Тулуъ" баргузор мекард, дар Афғонистон маъруф шуд, вале баъди бозгашти Толибон ба қудрат, ки суруду мусиқиро манъ карданд, сукут ихтиёр кард.

Сарнавишти Зулола Ҳошимӣ бештар аз 40 рӯз аст, ки номаълум аст ва шавҳараш Cаидмуҳсин Ҳошимӣ мегӯяд, ҳукумати Толибон ба хостаҳояш аслан таваҷуҳ надоранд ва дар ҷустуҷуи ҳамсараш ба ӯ ҳеч кумаке намекунанд.

Ӯ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гузашти бештар аз як моҳ аз нопадид шудани ҳамсараш, ҳеч иттилое дар бораи сарнавишти ӯ надорад.

Вай афзуд: "Аслан то ҳол ҳамкорӣ сурат нагирифтааст. Аз замони нопадид шуданаш 40 рӯз гузашт. Дигар аслан аз вазорати дохилӣ ва ҳукумат ноумед шудем. Аслан ҳеч ҳамкорӣ намекунанд, ҳади аққал маро бишнаванд, маро аз наздик бубинанд, тамос бигиранд".

Саидмуҳсин Ҳошимӣ мегӯяд, пас аз муроҷиатҳои батакрор сухангӯи фармондеҳии амнияти Кобул як бор ба ӯ гуфтааст, ки ҳеч гуна маълумоте дар бораи Зулола Ҳошимӣ нест ва дар сурати ба даст омадани ҳаргуна иттилоот, ӯро дар ҷараён мегузоранд.

Абдулматин Қонеъ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Толибон иддао кардааст, ки Зулола Ҳошимӣ ба далели зӯровариву хушунати шавҳараш хонаро тарк кардааст ва аз он замон то кунун маълум нест, куҷо паноҳ мебарад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Иттилооти мо нишон медиҳад, ки ин зан бо шавҳараш мушкилоти хонаводагии тӯлонимуддат доштааст. Дар натиҷа, ба далели афзоиши хушунат дар рӯзҳои ахир маҷбур шудааст, ки хонаро тарк кунад ва ба ҷойи дигар биравад. Мо низ дар талош ҳастем, ки бифаҳмем, куҷо рафтааст. Мумкин аст, ки ӯ барои гирифтани талоқ бо мо ва ё пулис тамос бигирад".

Аммо шавҳари Зулола ин иддаоҳоро қотеона рад кард ва ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар робитаҳои онон ҳеч мушкиле вуҷуд надошт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Овозхони маъруф Зулола Ҳошимӣ куҷост?

Дар бораи кай ва чӣ гуна нопадид шуданаш чӣ гуна фарзияҳо вуҷуд доранд?

Дар бораи нопадид шудани Зулола шавҳараш Саидмӯҳсин Ҳошимӣ, рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ суҳбат карда ва гуфта буд, ки ҳамсараш 16 рӯз қабл нопадид шудааст. Ба қавли ӯ Зулола бо ҳадафи харид аз хона берун рафта ва дигар барнагаштааст.

Теъдоде аз ҳомиёни ҳуқуқи зан, нопадид шудани Зулола Ҳошииро, нигаронкунанда хонда, гуфтаанд, ки набуди ҳаргуна иттилоот дар бораи сарнавишти ӯ, шубҳабарангез аст. Радиои Озодӣ талош кард, бо падар, модар ва ё дигар аз аҳли хонаводаи Зулола Ҳошимӣ, суҳбат кунад, аммо муваффақ нашуд.

Зулола Ҳошимӣ, сокини шаҳри Кобул як писари чаҳорсола дорад, ки ба гуфтаи падараш, акнун дилтанги модараш аст ва вазъи равониаш хуб нест. Саидмуҳсин Ҳошимӣ иддао мекунад, ки гоҳ-гоҳе бо хонаводаи ҳамсараш мушкилот доштааст.

Ӯ мегӯяд, ахиран парвандаи муҳоҷирати онҳо ба Олмон ниҳоӣ шуда буд ва қарор буд, ки Афғонистонро тарк кунанд.

Онгуна ки гуфтем, Зулола Ҳошимӣ замоне дар Афғонистон ба шӯҳрат расид, ки дар яке аз марҳилаҳои барномаи "Ситораи афғон" -- як озмуни овозхонӣ дар телевизиони "Тулӯъ" дар миёни даҳҳо марду зан мақоми дуввумро ба даст овард.

Вале бо бозгашти Толибон ба қудрат, сукут ихтиёр кард ва дигар ҳеч гоҳ дар саҳнае ҳам дида нашуд.