Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Мулоқоти Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар Қасри миллат шурӯъ шуд.
Кишвари Покистон ба баҳрабардорӣ аз манобеи саршори энержии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамеша алоқаманд будааст.
Ҳафтаи равон Душанбе мизбони нишасту мулоқотҳои чорҷонибаи раҳбарони Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия хоҳад буд.
Дар назди ҳукумати Тоҷикистон як кумитаи алоҳидаи забон ва истилоҳот ташкил хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад то поёни ин моҳ барномаи иқтисодиеро таҳти унвони «200 рӯзи ислоҳот» ба тасвиб расонад.
Масъалаи аслии нишасти сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав таъсиси нирӯҳои дастаҷамъии зудамали ин созмони низомӣ буд.
Гурӯҳе аз коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ва созиш бар сари истифодаи ин захираҳоро баҳс карданд.
Тоҷикон мехоҳанд, бовар кунанд, ки муносибатҳоиТоҷикистону Эрон қатъи назар аз барандаи интихоботи президентии 12 июн ҳамчунон густариш хоҳанд ёфт.
Боғи ботаникии пажӯҳишгоҳи ботаникаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, дар 30 километрии шаҳри Душанбе, дар дараи тангу саросар печида бо гулу гиёҳу дарахту буттаҳои камназири Кондара мавқеият дорад.
Тазоҳуроти донишҷӯёни тоҷики муқими Инглистон барои ҳимоят аз муҳоҷирони корӣ дар Русия дар маҳофили тоҷик ба гунаи мухталифе арзёбӣ мешавад.
Бо шурӯъи фасли тобистон, ки маъмулан фасли мураххасиҳо номбар мешавад, мардум дар ҷустуҷӯи минтақаи истироҳатие мешаванд, ки бофароғат ва хотирмон бошад.
Асноди муқаддамотии таъсиси нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) омода ва барои имзо ироа шудаанд.
1 июн ҳанӯз дар соли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женеваи Швейтсария ба ҳайси Рӯзи кӯдак муқаррар шуда буд.
Дар Тоҷикистон 26-уми май чун рӯзи вакили дифоъ таҷлил мешавад, вале низоми адвокат дар ин кишвар ба фарҳанги собит табдил нашудааст.
Дархости ҲНИТ дар мавриди таъйиди ваколати номзади ин ҳизб барои ворид шудан ба порлумон рад шуд.
Дар Душанбе як Маркази таълимии нирӯҳои марзбонӣ ташкил ёфт, ки бо фанновариҳои муосир барои истифода дар гузаргоҳҳои марзӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Ҷамъе аз созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақил Кодекси ахлоқи журналисти Тоҷикистонро ба имзо расониданд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе таъиноти додгоҳи ноҳияи Синоро бекор карда, хостори баррасии дубораи даъвои Масъуд Собиров, раиси расмии ҲДТ шуд.
Соҳибкорони «Зарнисор» мегӯянд, шаҳрдорӣ дархости онҳо барои баргузории гирдиҳамоии осоиштаро рад кардааст.
Соҳибкорони бозори «Зарнисор»-и шаҳри Душанбе мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъда супурдаанд, ки рӯзи сешанбе тақозои онҳоро барасӣ хоҳанд кард.
Ёфтҳои бештар