Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Яке аз панҷ нафаре, ки рӯзи нуҳуми май бар асари як садамаи автомобилӣ ҳангоми таҷлили 9 май ҷароҳат бардошта буданд, даргузашт.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, бо омадани Дмитрий Медведев ба сари қудрат сиёсати Русия ба ин зудӣ дар қиболи Тоҷикистон таҳаввуле касб нахоҳад кард.
Тибқи тавофуқи Тоҷикистон бо раёсати шаҳри Маскав, минбаъд муҳоҷирони корӣ дар ин шаҳр бар асоси дархости корхонаҳо ба кор қабул мешаванд.
Ахиран муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Эркин Қосимов нахустин сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландии шимолӣ таъйин шудааст.
Барои бунёди ин корхонаҳо ҳудуди як миллиард доллар зарур аст, ки аз ҷониби ширкати чинӣ ва Талко маблағгузорӣ мешудааст.
Нахустин филми коргардони ҷавон Муҳаммадрабеъи Исмоил бо номи «Иштибоҳ», ки бо кумаки шабакаи СМТ таҳия шудааст, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон имкони бо кумаки ИМА ба Покистон интиқоли барқро пайдо кардааст, Русияву Узбакистон ба ин кор мухолифанд.
Дар нишасте дар шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон гуфта шуд, фазои иттилоотии ин кишвар то кунун таҳти таъсири расонаҳои Русия қарор дорад.
Раиси ширкати «Барқи тоҷик», гуфт, ин ширкат таруфаҳои нави фуруши барқро барои тасвиб ба ҳукумати Тоҷикистон ироа кардааст.
Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон мегуянд, ахиран шумори издивоҷҳои расмӣ назар ба соли гузашта 10 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҷамъе аз фармодеҳони собиқи ИНОТ, ки бо қарори Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Артиши Тоҷикистон ҳамоиш ёфтанд, дар номае аз Абдуманнон Холиқов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон, ва вакили ин маҷлис Муҳиддин Кабирӣ дархост карданд, ки барои барқарор кардани ҳаққи бознишастагии онҳо мусоидат кунанд.
Эҳтимоли ширкати СПАД дар қазияи Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқотҳои Н. Бордюжа бо мақомоти Тоҷикистон будааст.
Бархеи коршиносон ба сурати якҷониба иқдом кардани Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи истифода ва танзими захоири обиро пешниҳод мекунанд.
Афғонистон аз мавзуъҳои аслии нишасти НАТО буд ва таҳлилгарон ояндаи коромадии ин паймонро ба муваффақияти он дар Афғонистон вобаста медонанд.
Антонио Гуттериш, комиссари олии умури паноҳандагони СММ дар поёни сафари худ ба Тоҷикистон маркази омузишиеро барои паноҳандагони афғони муқими ин кишвар ифтитоҳ кард.
Гурӯҳи фаврӣ ва ҷустуҷӯии ВКД-и Тоҷикистон ҳамроҳи як гурӯҳи муфаттишони Русия машғули тафтиши қазияи қатли хабарнигори «ОРТ»-и Русия будаанд.
Нашри филми «Фитна»-и Гирт Вилдерси ҳоландӣ дар ҷомеаи мусалмонии Тоҷикистон низ эътироз ва нигаронии қишрҳои мухталиф ба думбол доштааст.
Саид Зубайдов, вазири пешини мухобироти Тоҷикистон, баъди ду рӯзи беморӣ дар синни 42-солагӣ вафот кард.
Ёфтҳои бештар